Роҳандозии нармафзори хударзёбии корона дар Тоҷикистон
Тоҷикистон нармафзори хударзёбии корона роҳандозӣ кард.
Маркази манобеи диҷитоли беҳдошти Тоҷикистон барои ҳимоят аз талошҳои давлати ин кишвар дар ҷиҳати коҳиши густариши бемории корона, нармафзоре бо унвони “Короначек” тарроҳӣ кард, ки як барномаи ҷадиди телефони ҳамроҳ аст, ки ба корбарон ин имконро медиҳад то зимни афзоиши огоҳӣ, нисбат ба иқдомоти пешгирона барои “covid-19”, арзёбиҳои худро низ дар хона анҷом диҳанд.
Ин нармафзор аз як робот-чати таомулии контролшуда тавассути ҳуши маснуӣ истифода мекунад, ки ба корбарон ин имконро медиҳад то алоими бемории худро мутаваҷҷеҳ шаванд, хатари ибтило ба “covid-19”-ро арзёбӣ карда ва ба мавқеъ дархостт кумак кунанд. Ҳадаф аз ин кор шиносоии ноқилини эҳтимолии вируси корона аст.
Системаи ин нармафзор ба наҳве аст, ки корбар пас аз гузарондани чанд суол, бар асоси посухҳои фард ба он суолот, ӯро роҳнамоӣ мекунад. Ба унвони мисол: “Шумо бояд ба пизишк муроҷиа кунед” ё “фақат беҳдошти шахсӣ ва тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро риоят кунед”.
Ин хабар баёнгари он аст, ки илова бар суолот, филмҳое дар мавриди алоими “covid-19”, пешгирӣ ва фосилагузории иҷтимоӣ низ дар ин барнома мавҷуд аст ва низ дар он листе аз шумораҳои телефонҳои изтирорӣ барои “covid-19” вуҷуд дорад.