Июн 11, 2020 08:47 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли ҷасади донишҷӯи тоҷик аз ҷумҳурии Бошқиристони Русия ба Тоҷикистон

Ҷасади донишҷӯи тоҷик, ки кӯдакеро аз ғарқ шудан дар рӯдхонаи Белоёи шаҳри Уфа, пойтахти ҷумҳурии худмухтори Бошқиристони Русия наҷот дод, ба Тоҷикистон мунтақил мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯи соли дувуми риштаи кишоварзии Бошқиристон бо шунидани садои кӯдаке, ки дар ҳоли ғарқ шудан дар рӯдхона буд, бо ба хатар андохтани ҷони худ ин кӯдакро аз марг наҷот дод.

Гурӯҳҳои имдод ва наҷот пас аз ҷустуҷӯ ҷасади вайро аз умқи 10 метрии рӯдхонаи Белоё ёфтанд.

Муовини нахуствазири ҷумҳурии худмухтори Бошқиристон, масъулони донишгоҳи кишоварзии ин кишвар ва сафири Тоҷикистон дар Русия рафтори Ҳоҷимурод Қаландаровро амали қаҳрамонона ва инсондӯстона донистанд ва бо ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи мутаваффо, ба онон эълом карданд, бо дархосташон барои бозгардонидани ҷасади Ҳоҷимурод ба Тоҷикистон мувофиқат кардаанд.