Ибтилои ҳазору 701 нафар аз кадри дармонии Тоҷикистон ба корона
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54403-Ибтилои_ҳазору_701_нафар_аз_кадри_дармонии_Тоҷикистон_ба_корона
Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон аз ибтилои ҳазору 701 нафар аз кадри дармонии ин кишварба вируси корона хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 11, 2020 04:47 Asia/Dushanbe
  • Ибтилои ҳазору 701 нафар аз кадри дармонии Тоҷикистон ба корона

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон аз ибтилои ҳазору 701 нафар аз кадри дармонии ин кишварба вируси корона хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе аз мубтало шудани 619 пизишк ва 548 парастор дар Тоҷикистон ба бемории вируси корона хабар дод.

Иллати аслии ибтилои ин теъдод аз кадри дармонӣ камбуди либосҳои муҳофизатӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ дар оғози шуюъи беморӣ эълом шудааст.

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, дар Тоҷикистон ҳар рӯз шаш озмоишгоҳ аз ҳудуди 500 нафар бемори машкук ба ибтило ба корона озмоиш мегиранду 81 маркази дармонӣ бо зарфияти 8 ҳазору шаш тахти хоб омодаи пазириши афроди коронаӣ аст.