Боздиди вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон аз кони ангиштсанги минтақаи Суғд
(last modified Thu, 11 Jun 2020 05:21:45 GMT )
Июн 11, 2020 10:21 Asia/Dushanbe
  • Боздиди вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон аз кони ангиштсанги минтақаи Суғд

Вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон аз кони ангиштсанг ва корхонаҳои металлургияи минтақаи Суғд боздид кард.

Ба гузориши “Спутник”, Заробуддин Файзуллоҳзода ба манзури назорат бар иҷрои мусаввабаи давлат дар мавриди омодасозии бамавқеи бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар барои фаъолиятҳои муназзам дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистони имсол ба ин минтақа сафар кард.

Вазири саноат пас аз боздид гуфт, дар ҳоли ҳозир барномаҳое барои истихроҷ ва захираи ангиштсанг таҳия шудааст.