Июн 11, 2020 14:10 Asia/Dushanbe
  • Суқути дузинаии Тоҷикистон дар рутбабандии кишварҳои сулҳталаби ҷаҳон

Тоҷикистон дар радабандии мизони сулҳталабии кишварҳои ҷаҳон дар ҷойгоҳи садуҳафтум қарор гирифт.

Ба гузориши “Спутник”, имсол Тоҷикистон натавонист ҷойгоҳи қаблии худро дар радабандии сулҳталабӣ ҳифз кунад ва ду рутба нисбат ба соли гузашта суқут кард.

Имсол Тоҷикистон дар феҳристи ҷаҳонии сулҳ, ки аз сӯи муассисаи иқтисодӣ ва сулҳи Австралия мунташир мешавад, дар байни 163 кишвари ҷаҳон рутбаи 107 - ро ба даст овард.

Дар байни кишварҳои Осиёи Миёна, Туркманистон бо рутбаи 116 пойинтарин ҷойгоҳро дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна касб кард ва Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар ин радабандӣ ба тартиб дар ҷойгоҳҳои 70, 93 ва 103 қарор гирифтанд.

Исландия, Зеландияи Нав, Австрия, Португалия ва Дания ҳам ҷузъи панҷ кишвари сулҳомези ҷаҳон ҳастанд.

Мизони инсиҷоми иҷтимоӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи башар, суботи сиёсиву иқтисодӣ, мизони таҳдиди террористӣ ва мушорикати як кишвар дар хусуматҳову даргириҳо аз шохисҳои ин рутбабандӣ будааст.