Июн 12, 2020 19:00 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии раиси ҳайати мудирони бемористони Ибни Синои Тоҷикистон аз Эрон  

Раиси ҳайати мудирони бемористони Ибни Синои Тоҷикистон аз пизишкони эронӣ барои кумак ва мусоидат дар мубориза бо корона, ба кормандони ин бемористон ташаккур кард.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Абдулхалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони бемористони Ибни Синои Тоҷикистон дар ёддоште аз кишвари дӯст ва ҳамзабон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва пизишкони эронӣ барои кумак ва мусоидат дар мубориза бо корона ба ин бемористон ташаккур кард.

Ёддошти Холиқзода бо ин қитъа шеъри Саъдӣ, ки мегӯяд: “Бани одам аъзои якдигаранд...”  шуруъ мешавад.

Дар идомаи ин матн омадааст: “Расми ҷавонмардӣ тақозо мекунад, ки ин сафҳа дар ин таърихча навишта шавад. Дар рӯзҳои аввали вуруди вируси корона ба Тоҷикистон камбуди шадиди дору пеш омад. Бархе аз афрод ва шаҳрвандон аз тариқи интернет ё пизишкони ошнои худ номи доруҳо барои дармони “Ковид -19” -и лозимро дарёфт карда, ба доруфурӯшиҳо рехтанд ва тамоми он доруҳоро бурданд. Бемористони Ибни Сино низ аз ин мавзуъ мустасно набуд ва афроде дар садади хариди тамоми ин доруҳо буданд”.

Вай идома дод: “Ба далели ин ки аз ин мавзуъ мутталеъ будем, ки муддати зиёде бо ин беморӣ бояд мубориза кард ва беморонро ройгон дармон кунем ва тарс аз итмоми доруҳо, мо маҷбур шудем дар фурӯши доруҳои мазкур маҳдудият ҷорӣ кунем. Вале ҳатто бо вуҷуди маҳдудият анбори дору зуд холӣ мешуд. Бемористони Ибни Сино доруро аз Эрон ворид мекунад, вале мақомоти эронӣ ба далели шуюъи “Ковид -19” содироти доруро мамнуъ карда буданд. Ман тибқи ривол ба сафири Эрон дар Тоҷикистон нома навиштам ва дархост кардам, ки дар хариди дору аз он кишвар ба мо мусоидат кунад”.

Абдулхалил Холиқзода гуфт: “Вақте нома ирсол шуд, намояндаи сафорат дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки ба далели камбуди дору дар Эрон ба ҳалли ин масъала хушбин нест, вале ҳатман номаи моро бо рӯнавишт ба Вазорати беҳдошти кишварашон ирсол хоҳад кард. Ман бо пешбинии вай мувофиқ будам ва умеди зиёд надоштам, зеро медонистам, ки фурӯши доруҳои дархостии мо дар худи он кишвар мамнуъ шуда ва танҳо бо таъйиди бемории “Ковид 19” ба афрод дода мешуд.