Беш аз 64 % мубталоён ба корона дар Тоҷикистон дармон шудаанд
(last modified Fri, 12 Jun 2020 15:52:19 GMT )
Июн 12, 2020 20:52 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 64 % мубталоён ба корона дар Тоҷикистон дармон шудаанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон эълон кардааст, ки то имрӯз, 12 июн дар кишвар 791 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи ахир 96 нафар пас аз шифо ёфтан аз бемористон мураххас шуданд.

Ба гузориши “Спутник”, бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ, то соати 18:00 дақиқаи 12 июн  дар Тоҷикистон 4902 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус (КОВИД-19) ошкор гардидаааст.

Тибқи иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон 3158 (64,4%)   нафар шифо ёфтаанд.

Ҳамзамон бар асоси иттилои манбаъ, то торихи зикршуда дар ин кишвар аз ин беморӣ 49 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ёдрас шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ айни замон барои пешгирӣ ва табобати коронавирус тамоми тадбир ва чораҳои заруриро анҷом медиҳад.

Ҳамчунин вазорат аз сокинон даъват кардааст, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос барои пешгирии сирояти вируси корона пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти фардиро риоят кунанд.