Эъзоми сарбозони Тоҷикистон ба Маскав барои ширкат дар паради низомӣ
Июн 13, 2020 11:17 Asia/Dushanbe
Сарбозони Тоҷикистон ба манзури ширкат дар маросими паради низомӣ озими Маскав шуданд.
Ба гузориши Маркази матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон, сарбозони артиши Тоҷикистон ба манзури ширкат дар маросими паради низомӣ, ки қарор аст ба ифтихори 75-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум, 24 июн дар шаҳри Маскав баргузор шавад, озими ин кишвар шуданд.
13 июн, сарбозони тоҷик ҳамроҳи соири ширкаткунандагон, тамринҳои паради низомиро оғоз мекунанд.