Кӯмаки нӯҳ миллиондолларии барномаи тавсиаи Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон
Июн 13, 2020 12:37 Asia/Dushanbe
Барномаи тавсиаи Созмони Милали Муттаҳид нӯҳ миллион доллар барои ҳимоят аз кишоварзони Тоҷикистон, ба ин кишвар кӯмак мекунад.
Ба нақл аз Aki Press, барномаи тавсиаи Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) ва Кумитаи ҳифозат аз муҳити зисти Тоҷикистон тавофуқномаеро бо ҳадафи кӯмак ба кишоварзон, барои муқобила бо тағйироти обу ҳавоӣ имзо карданд.
Тағйироти иқлимӣ дар Тоҷикистон бисёр сареъ аст. Боронҳои мавсимиии шадид, ки боиси вуқӯи сел, обгирифтагии хонаҳо ва тахриби заминҳои кишоварзӣ мешавад, аз шоеътарин ҳаводиси табиӣ дар ин кишвар аст.
Манобеи табиӣ ва маротеи Тоҷикистон ҳам таҳти таъсири тағйироти иқлимӣ қарор гирифтааст.