Афзоиши дубаробарии ҷаримаи фирор аз андоз барои бахши хусусии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ислоҳи қонуни андози ин кишварро тасвиб кард, ки бар асоси он мизони ҷаримаи фирор аз андози бахши хусусӣ ду баробар афзоиш ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳеро тасвиб кард, ки бар асоси он ҷаримаи фирор аз андоз барои фаолони бахши хусусӣ аз ҳазору 740 то ду ҳазору 320 сомонӣ (баробар бо 170 то 200 доллар)-и феълӣ ба чаҳор ҳазору 60 то чаҳор ҳазору 640 сомонӣ (баробар бо 406 то 464 доллар) афзоиш меёбад.
Ҳамчунин барои афроде, ки таи як сол пас аз ҷарима шудан дубора даст ба пинҳонкорӣ аз андоз зананд, ин шохис ба ҳафт ҳазору 540 то ҳашт ҳазору 700 сомонӣ (баробар бо 754 то 870 доллар) афзоиш хоҳад ёфт.
Назрулло Маликзода- муовини раиси Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон ҳангоми ироаи тарҳи ислоҳи қонуни андоз ба парлумони ин кишвар иллати асосии фирор аз андозро фаолияти бидуни иҷозатномаи бахши хусусӣ унвон кардааст.
Вай гуфтааст, ки 20 то 30 дарсад аз фаолони бахши хусусии Тоҷикистон бидуни иҷозатнома фаолият мекунанд, ки хисороти сангине барои будҷаи ҳукумати ин кишвар дар пай дорад.