Нобудии панҷ анбори захираи гози моеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ
(last modified Sun, 14 Jun 2020 06:05:53 GMT )
Июн 14, 2020 11:05 Asia/Dushanbe
  • Нобудии панҷ анбори захираи гози моеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз нобуд шудани панҷ анбори захираи гози моеъ бар асари сухтор дар полоишгоҳи кучаке дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ ТҶ, ин ҳодиса дар минтақаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ дар 10 километрии шаҳри Душанбе рух дода ва дар он ба касе осеб нарсидааст.

Гуфта мешавад, ки бо талоши гурӯҳҳои имдодӣ ва истифода аз таҷҳизоти сухторхомушкуние, ки аз шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ба ин полоишгоҳ сафарбар шудаанд пас аз се соат оташ фурӯ нишонда шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ҳоли мушаххас кардани иллати ин ҳодиса ва бароварди мизони хисоратҳои воридшуда мебошад.

Тоҷикистон ба далели надоштани захираҳои кофии нафт ва гоз ниёзи худро бо воридоти сузишворӣ аз хориҷ таъмин мекунад ва дар ин кишвар чанд полоишгоҳи кӯчак фаол аст.