Июн 14, 2020 12:13 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани як тоҷикистонии узви Толибон дар шимоли Афғонистон

Сухангӯи корпуси 217 –и артиши Афғонистон аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар даргирӣ миёни ин воҳид ва гурӯҳи Толибон дар вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Ҳодӣ Ҷамол гуфтааст, ки дар амалиёти ахири корпуси 217–и артиши Афғонистон алайҳи гурӯҳи Толибон як шаҳрванди тоҷикистонӣ ба исми Қорӣ Баҳриддин кушта шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки ҷасадҳои кушта шудагони гурӯҳи Толибон дар ихтиёри Раёсати амнияти миллии вилояти Кундуз қарор гирифт ва миёни онон Қорӣ Баҳриддин шаҳрванди Тоҷикистон шиносоӣ шуд. Аз сӯи дигар Сайид Илёс Ҳошимӣ, омири ҷиноии ҳавзаи сеюми шаҳри Кундуз  эълом кардааст: Ҷангиёни хориҷии узви гурӯҳи Толибон, ки ағлаб аз кишварҳои Узбакистон, Тоҷикистон, Покистон, Қирғизистон, Русия ва Чин мебошанд, дар вулусволии Имом соҳиби вилояти Кундуз таҷаммӯъ кардаанд ва фармондеҳи онон фарди уйғуртабори чинӣ ба исми Қорӣ Фурқон аст.

Ҳошимӣ муътақид аст, ки ин афрод муддати зиёде аст дар таркиби гурӯҳи Толибон ҳузур доранд ва тафкики онон аз ҷангҷӯёни афғонӣ кори сахте аст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки вулусволии Имом соҳиби вилояти Кундуз рӯбарӯи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон воқеъ шуда ва Омударё ин ду минтақаро аз ҳам ҷудо мекунад.

 

Барчасп