Афзоиши шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ба 5 ҳазор нафар
Июн 15, 2020 19:07 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустӣ ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди афроди мубтало ба корона ба 5 ҳазору 35 нафар хабар дод.
Ба гузориши радиои Садои Хуросон, бар асоси омори мавҷуди Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, дар шабонарӯзи ахир дар ин кишвар 64 мавриди ибтило ба корона сабт шудааст.
Шумораи кулли мубталоён ба корона дар кишвар ба 5035 нафар расидааст.
То кунун дар Тоҷикистон бар асари ин беморӣ 50 нафар ҷон бохтанд.
Дар шабонарӯзи ахир теъдоди афроди беҳбудёфта низ афзоиш ёфт ва ба се ҳазору 409 нафар расидааст.