Афзоиши шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ба 5 ҳазор нафар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54543-Афзоиши_шумори_мубталоён_ба_корона_дар_Тоҷикистон_ба_5_ҳазор_нафар
Вазорати тандурустӣ ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди афроди мубтало ба корона ба 5 ҳазору 35 нафар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 15, 2020 14:37 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ба 5 ҳазор нафар

Вазорати тандурустӣ ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди афроди мубтало ба корона ба 5 ҳазору 35 нафар хабар дод.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, бар асоси омори мавҷуди Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, дар шабонарӯзи ахир дар ин кишвар 64 мавриди ибтило ба корона сабт шудааст.

Шумораи кулли мубталоён ба корона дар кишвар ба 5035 нафар расидааст.

То кунун дар Тоҷикистон бар асари ин беморӣ 50 нафар ҷон бохтанд.

Дар шабонарӯзи ахир теъдоди афроди беҳбудёфта низ афзоиш ёфт ва ба се ҳазору 409 нафар расидааст.