Июн 16, 2020 08:59 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии пизишкони полшаӣ аз кадри дармонии Тоҷикистон

Пизишкони полшаӣ аз талошҳои кадри дармонии Тоҷикистон барои муқобила бо бемории корона қадрдонӣ карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода- вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз пизишкони полшаӣ, ки бо ҳадафи ошноӣ бо иқдомоти кори пизишкии Тоҷикистон дар мубориза бо корона ва интиқоли таҷрибаҳои худ ба ҳамтоёни тоҷик ба ин кишвар сафар карданд ташаккур кард.

Пизишкони полшаӣ ҳам ризояти худро аз фаолияти кадри дармонӣ, имконот ва таҷҳизоти пизишкии мавҷуд  дар марокизи беҳдоштии Тоҷикистон эълом ва аз талоши кадри дармонии кишвар барои муқобила бо бемории корона қадрдонӣ карданд.