25 июн замони баҳрабардорӣ аз қисми дувуми бузургроҳи Душанбе-Турсунзода
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54551
Қисми дувуми бузургроҳи Душанбе ба Турсунзода 25 июн баҳрабардорӣ мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 16, 2020 09:13 Asia/Dushanbe
  • 25 июн замони баҳрабардорӣ аз қисми дувуми бузургроҳи Душанбе-Турсунзода

Қисми дувуми бузургроҳи Душанбе ба Турсунзода 25 июн баҳрабардорӣ мешавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, қарор аст  дар  маросими баҳрабардорӣ аз ин тарҳ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳузур дошта бошад. Сохти қисми дувуми ин бузургроҳ аз феврали 2018  оғоз шуд.

Ин бузургроҳ дар роҳи минтақаҳои Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ Сино сохта шудааст.

Ин бузургроҳ  барои  равон шудани  трафики Душанбе-Турсунзода ва ҷодаи  Абуалӣ Сино то дарвозаи ғарбии Душанбе сохта шудааст.

Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа ҳудуди  40 миллион доллар барои сохти қисмате аз ин бузургроҳ, ки аз минтақаи Абуалӣ Сино то дарвозаи  ғарбии Душанбе имтидод дорад ба Тоҷикистон қарз дод.