Июн 16, 2020 10:45 Asia/Dushanbe
  • Шикояти коркунони неругоҳи Роғун ба далели пардохт нашудани маош

Ба коргарон ва мутахассисони неругоҳи Роғун 6 моҳ аст, ки маош пардохт нашудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Фарғона, аммо аз байни 25 ҳазор нафаре, ки дар ин тарҳ кор мекунанд, фақат коркунони ширкатҳои италиявии Сални Импреҷило ва русӣ ба мавқеъ маош дарёфт мекунанд.

Яке аз ин коргарон гуфт: Як ҳафта пеш, Қоҳир Расулзода, нахуствазир қавл дод, ки ба зудӣ  маошҳои ақибафтода пардохт мешавад, аммо ҳануз замон ва мизони пардохтиҳо мушаххас нест. Дар ҳамин ҳол коркунони ширкати алюминийи ТАЛКО, яке аз бузургтарин корхонаҳои Тоҷикистон ҳам се моҳ аст, ки маош дарёфт накарданд.

Игор Сатторов, раиси дафтари матбуоти корхона гуфт: Агар ин ширкат дар шароите, ки нархҳои ҷаҳонии алюмин коҳиш ёфта маоши коркунони худро пардохт кунад, сармояи кофӣ барои хариди маводи аввалия нахоҳад дошт ва корхона таътил хоҳад шуд.