Июн 16, 2020 13:13 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз корхонаи тавлиди сурмаи Тоҷикистон дар моҳи октябр

Корхонаи тавлиди сурма дар шимоли Тоҷикистон баҳрабардорӣ мешавад.

Ин корхона вобаста ба ширкати алюминийи Тоҷикистон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, бо баҳрабардорӣ аз ин корхона заминаи истихроҷи дуву ним тонна тилло ва тавлиди 21 ҳазор тонна сурма дар сол фароҳам мешавад. Соли гузашта 16 ҳазор тонна сурма дар Тоҷикистон тавлид шуд. Ба гуфтаи мақомоти Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон, сохти корхонаи нави тавлиди сурма  80  дарсад пешрафти корӣ дошта ва бар асоси барнома октябри соли равон баҳрабардорӣ мешавад.

Таҷҳизоти мавриди ниёзи ин корхона аз кишвари Финландия харидорӣ мешавад ва аз сӯи коршиносони чинӣ насб хоҳад шуд.

Тибқи тафоҳумнома миёни Тоҷикистон ва Чин барои сохти ин корхона 135 мутахассиси чинӣ ҳам дар ин корхона кор мекунанд.

Сурма санге соф ва пурҷило аст, ки аз конҳои тилло ва алюминий ба даст меояд ва пас аз фароварӣ аз он истифода мешавад.