Баррасии ҷаримаҳои короноӣ дар Сенати Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54583-Баррасии_ҷаримаҳои_короноӣ_дар_Сенати_Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз баррасии қонуни ҷаримаҳои марбут ба корона тасвиб шуда дар маҷлиси намояндагони ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 16, 2020 14:51 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҷаримаҳои короноӣ  дар Сенати Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз баррасии қонуни ҷаримаҳои марбут ба корона тасвиб шуда дар маҷлиси намояндагони ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хурпосон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки дар нишасти рӯзи 26 июн, маҷлиси миллӣ ё Сенати Тоҷикистон дар бораи ҷаримаи молии ҳузури бидуни ниқоби шаҳрвандони берун аз хона ва интишори ахбори марбут ба корона баҳс ва табодули назар хоҳад шуд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни кайфарии ин кишвар мизони ҷарима барои ашхоси ҳақиқӣ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки омори мутафовит аз омори расмии бемории Ковид-19 мунташир мекунанд 580 сомонӣ (муодили 56 доллар) ва барои ашхоси ҳуқуқӣ 11 ҳазру 600 сомонӣ (муодили ҳазору 128 доллар) таъин кардааст.

Дар сурати тасвиби ин ислоҳиядар Маҷлиси миллии Тоҷикистон ин тарҳ бояд ба имзои раисҷумҳури ин кишвар бирасад, то ҷанбаи иҷроӣ пайдо кунад.