Шиносоии 61 мавриди ҷадид дар Тоҷикистон бидуни фавтӣ
Июн 16, 2020 17:04 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи ахир 61 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар ин кишвар бидуни фавтӣ сабт шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то рӯзи сешанбе 16 июн дар ин кишвар теъдоди фавтидагон бар асари вируси корона ҳамон 50 нафар бидуни тағир боқӣ мондааст.
Ин вазоратхона теъдоди умумии афроди мубтало ба Ковид-19 дар Тоҷикистонро то рӯзи сешанбе 16 июн 5 ҳазору 160 нафар эълон кард.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон то соати 19 рӯз сешанбеи 16 июн дар ин кишвар 3 ҳазору 624 нафар низ аз бемории Ковид-19 низ беҳбуд ёфтаанд.