Судури иҷозатнома барои баргузории маросими туйҳо дар Тоҷикистон аз 20 июн
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54610-Судури_иҷозатнома_барои_баргузории_маросими_туйҳо_дар_Тоҷикистон_аз_20_июн
Ситоди муқобила бо Коронаи Тоҷикистон эълон кард аз 20 июн баргузории маросими туйҳо дар ин кишвар муҷоз аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 18, 2020 04:16 Asia/Dushanbe
  • Судури иҷозатнома барои баргузории маросими туйҳо дар Тоҷикистон аз 20 июн

Ситоди муқобила бо Коронаи Тоҷикистон эълон кард аз 20 июн баргузории маросими туйҳо дар ин кишвар муҷоз аст.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон , ин ситод эълон кард дар маросими арусӣ , рестаранҳо ё хона бештар аз 100 нафар набояд ҳузур дошта бошанд.

Ҳамчунин маросим бояд бо риояти тамоми шеваномаҳои беҳдоштӣ баргузор шавад.

Бар асоси тасмими мақомоти ситоди муқобила бо Коронаи Тоҷикистон аз 30 моҳи март баргузории маросими арусӣ дар ин кишвар мамнуъ шуд.