Таъхир дар пардохти ақсоти "Амонатбонк"-и Тоҷикистон
(last modified Thu, 18 Jun 2020 04:22:56 GMT )
Июн 18, 2020 09:22 Asia/Dushanbe
  • Таъхир дар пардохти ақсоти

"Амонатбонк"-и Тоҷикистон тасмим гирифт ақсоти воми соҳибони касбу корҳое, ки ба иллати шуюи бемории корона бо мушкилоте рӯ ба рӯ шудаанд, ба таъхир биандозад.

Ба нақл аз "Ховар", Сироҷиддин Икромӣ, мудири "Амонатбонк"-и Тоҷикистон гуфт, муштариёне, ки ба иллати шуюи бемории корона барои пардохти қистҳои худ бо мушкил рӯ ба рӯ шуданд, метавонанд дархости худро барои таъвиқ ё маофияти муваққати пардохти қистҳо ба бонк ироа кунанд.

Ӯ афзуд, шуюи вируси корона сабаби таътилии ширкатҳо, ресторанҳо ва мағозаҳо шуд ва ҳазорон нафар, ки аз бонкҳо вом гирифтанд, шуғли худро аз даст доданд ва варшикаста шуданд.

Сироҷиддин Икромӣ гуфт, бар асоси тасмими масъулони иқтисодӣ ҷаримаҳои деркарди пардохти қистҳо ҳам бахшида шуд.

Сироҷиддин Икромӣ таъкид кард, бар асоси тавофуқнома, ҷаримаи ҳар рӯзи таъхир дар бозпардохти вом фақат  0 .1 дарсад афзоиш меёбад, ки ин рақам дар сол 36 дарсад хоҳад буд ва ин кӯмаки бесобиқае барои вомгирандагон аст.