Шиносоии 59 мавриди ҷадиди “Ковид – 19” дар Тоҷикистон бидуни фавтӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54651-Шиносоии_59_мавриди_ҷадиди_Ковид_19_дар_Тоҷикистон_бидуни_фавтӣ
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи ахир 59 мавриди ҷадиди “Ковид – 19” дар ин кишвар, бидуни фавтӣ сабт шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 19, 2020 17:03 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 59 мавриди ҷадиди “Ковид – 19” дар Тоҷикистон бидуни фавтӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи ахир 59 мавриди ҷадиди “Ковид – 19” дар ин кишвар, бидуни фавтӣ сабт шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, то рӯзи ҷумъаи 19 июн дар ин кишвар теъдоди фавтидагон бар асари вируси корона бидуни афзоиш ҳамон 51 нафари қаблӣ эълом шудааст.

Ин вазоратхона теъдоди умумии афроди мубтало ба “Ковид – 19” дар Тоҷикистонро то рӯзи ҷумъаи 19 июн панҷ ҳазору 338 нафар эълом кард.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон то соати 19 рӯзи ҷумъаи 19 июн дар кишвар се ҳазору 830 нафар низ аз бемории “Ковид – 19” беҳбуд ёфтаанд, ки беш аз 71 дарсад аз кулли маризони шифоёфтаро ташкил мекунад.

Бо ин ҳол 180 нафар таҳти муроқибатҳои пизишкӣ дар бемористонҳо, ба гумони мубтало шудан ба “Ковид – 19” қарор дода шудаанд.