Афзоиши 11 дарсадии қимати маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54660-Афзоиши_11_дарсадии_қимати_маҳсулоти_ғизоӣ_дар_Тоҷикистон
Қимати маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон аз ибтидои имсол ҳудуди 11 дарсад афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 20, 2020 09:13 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 11 дарсадии қимати маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон

Қимати маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон аз ибтидои имсол ҳудуди 11 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бар асоси итилооти Агентии омори Тоҷикистон, нархи таваррум низ аз январ то май дар ин кишвар 5 дарсад будааст.

Бар асоси иттилооти Агенти омори Тоҷикистон, қимати лимон ва сирпиёз 3 баробар, картошка 2 баробар, лӯбиё 52 дарсад, орди гандум 23 дарсад ва макарон 20 дарсад афзоиш ёфтааст.

Агентии омори Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, қимати бархе маводи ғизоӣ, монанди бодиринг 68 дарсад, пиёз 31 дарсад, шири мурғз 6 дарсад ва помидор 1 дарсад коҳиш ёфтааст.