Коҳиши теъдоди тамосҳо бо маркази иттилоърасонии бемории коронавирус дар Тоҷикистон
(last modified 2020-06-20T06:15:09+00:00 )
Июн 20, 2020 11:15 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши теъдоди тамосҳо бо маркази иттилоърасонии бемории коронавирус дар Тоҷикистон

Теъдоди тамосҳо бо маркази вижаи иттилоърасонии бемории коронавирус дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз коҳиши теъдоди тамос бо шумораҳои 311 ва 511- и маркази иттилоърасонии бемории коронавирус хабар дод.

Ба нақл аз Вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар пеш аз ин, дар як рӯз шаҳрвандон бо ин ду шумора 2000 тамос мегирифтанд, акнун ин теъдод ба 489 тамос дар рӯз коҳиш пайдо кардааст.

Маркази иттилоърасонии бемории коронавирус бо ҳадафи ҷавобдеҳии суолоти шаҳрвандон ва роҳнамоии беморони коронаӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.