Коҳиши теъдоди тамосҳо бо маркази иттилоърасонии бемории коронавирус дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54664-Коҳиши_теъдоди_тамосҳо_бо_маркази_иттилоърасонии_бемории_коронавирус_дар_Тоҷикистон
Теъдоди тамосҳо бо маркази вижаи иттилоърасонии бемории коронавирус дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 20, 2020 06:45 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши теъдоди тамосҳо бо маркази иттилоърасонии бемории коронавирус дар Тоҷикистон

Теъдоди тамосҳо бо маркази вижаи иттилоърасонии бемории коронавирус дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз коҳиши теъдоди тамос бо шумораҳои 311 ва 511- и маркази иттилоърасонии бемории коронавирус хабар дод.

Ба нақл аз Вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар пеш аз ин, дар як рӯз шаҳрвандон бо ин ду шумора 2000 тамос мегирифтанд, акнун ин теъдод ба 489 тамос дар рӯз коҳиш пайдо кардааст.

Маркази иттилоърасонии бемории коронавирус бо ҳадафи ҷавобдеҳии суолоти шаҳрвандон ва роҳнамоии беморони коронаӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.