Тоҷикистон севумин воридкунандаи гандум аз Қазоқистон
Тоҷикистон аз нигоҳи хариди гандуми Қазоқистон дар миёни чаҳор кишвари нахуст дар радаи севум қарор гирифта ва муштарии муҳиме барои Нурсултон ба ҳисоб меояд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон 19 дарсад аз ҳаҷми кулли гандуми содиротии Қазоқистонро харидорӣ мекунад ва аз ин нигоҳ пас аз Узбакистон ва Чин дар мақоми севум қарор гирифтааст.
Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон дар солҳои ахир воридоти ордро аз Қазоқистон коҳиш ва воридоти гандумро аз ин кишвар афзоиш додааст то заминаи иштиғоли шаҳрвандони хешро дар корхонаҳои орд фароҳам созад.
Мизони масрафи солонаи гандум дар Тоҷикистон беш аз ду миллион тонна мебошад, ки 50 дарсад аз ҳисоби тавлиди дохилӣ ва бақия аз роҳи воридот аз Қазоқистон таъмин мешавад.
Нархи гандуми воридотии Тоҷикистон дар соли 2019 барои ҳар тонна 194 доллар буд, ки имсол ин маҳсул бо афзоиши нарх ба 213 доллар дар ҳар тонна расидааст.
Аз ин рӯ нархи як киса орди 50 килограмӣ, ки дар бозорҳои Тоҷикистон 170 сомонӣ буд дар баҳори имсол ба 230 сомонӣ расид.
Воридкунандагон, далели гарон шудани орд дар Тоҷикистонро маҳдудиятҳои содиротии иҷроишуда аз сӯи Қазоқистон ва Русия бар содироти орду гандум, баста шудани роҳҳои иртиботӣ ва камбуди манобеи заминӣ дар паи густариши вируси корона унвон мекунанд.