Июн 22, 2020 11:48 Asia/Dushanbe
  • Ислоҳи қонуни зидди фасоди Тоҷикистон:

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ислоҳияи ҳукумати ин кишварро барои тағйири қонуни қаблии мубориза бо фасоди молӣ тасвиб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи иттилоърасонии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Сулаймон Давлатзода- раиси Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар ҳангоми ироаи ин тарҳ гуфтааст, қонуни қаблӣ дар соли 2005 тасвиб шуда ва бояд барӯз шавад.

Вай таъкид кардааст, ки дар ин муддат мавориди ҷадиде аз ҷурму ҷиноят марбут ба фасоди молӣ дар Тоҷикистон мушоҳида шуда, ки зарурати татобуқи моддаҳои тоза дар қонуни муқобила бо фасоди молӣ бо қавонини кайфарии ин кишварро матраҳ мекунад.

Бо тасвиби ислоҳия дар қонуни қаблӣ акнун вожаи "мубориза" бо иборати "муқобила бо фасоди молӣ" ҷойгузин шудааст.

Бар асоси ислоҳияи банди дигаре аз қонуни муқобила бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон дар сурати мушоҳидаи мушорикати мақомоти мудириятии идораҳои давлатӣ дар фасоди молӣ ва ҳимояти онон аз хешон ва бастгонашон дар иртикоби ҷурму ҷиноятҳои молӣ, масъулияти посухгӯӣ бар уҳдаи ин мақомот хоҳад буд.

Тоҷикистон дар гузориши солҳои ахири Созмони шаффофияти байналмиллалии Transparency International аз назари ришвагирӣ дар болотарин радаи ҷаҳонӣ ва дар радифи 152 қарор гирифта ва мақомоти масъул дар ин кишвар низ ҳамвора бар зарурати афзоиши мубориза бо фасоди молӣ таъкид мекунанд.