Коҳиши 2 дарсадии гардиши молӣ дар Тоҷикистон
Июн 23, 2020 05:52 Asia/Dushanbe
Аз оғози имсол то кунун мизони гардиши молӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл 2 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, ин коҳиш ба далели шуйюи бемории корона будааст.
Бар асоси гузориши Ожонси омори Тоҷикистон, мизони гардиши молӣ дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2020 ҳудуди 484 миллион доллар будааст. Дар ин гузориш омадааст дар панҷ моҳи гузашта гардиши молии меҳмонхонаҳо ва ресторанҳо 44 миллион доллар буда, ки 15 дарсад камтар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст.