Коҳиши ҷурм дар Тоҷикистон дар паи шуйюи корона
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54758-Коҳиши_ҷурм_дар_Тоҷикистон_дар_паи_шуйюи_корона
Мизони ҷурм дар Тоҷикистон дар паи шуйюи корона коҳиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 23, 2020 06:10 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ҷурм дар Тоҷикистон дар паи шуйюи корона

Мизони ҷурм дар Тоҷикистон дар паи шуйюи корона коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ожонси омори Тоҷикистон эълом кард, ки теъдоди ҷурми сабтшуда дар Тоҷикистон аз январ то майи соли раовн  дар ин кишвар ҳудуди  9 ҳазор ҷурм гузориш шуда, ки ин омор 3 дарсад камтар аз муддати  мушобеҳи соли гузаштааст.

Бар асоси гузориши Ожонси омори Тоҷикистон мизони ҷурмҳо дар вилоятҳои Суғд 14 дарсад, Бадахшон 3 дарсад ва минтақаҳои зери назари ҷумҳурӣ 9 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳоле аст, ки теъдоди ҷурми сабтшуда  дар муддати замони ёдшуда дар минтақаи Хатлон 4 дарсад ва дар шаҳри Душанбе 10 дарсад афзоиш доштааст.