Табодули назари вазири фарҳанги Тоҷикистон бо теъдоде аз вазирони фарҳанги узви ISESCO
Вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони исломӣ, омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ (ISESCO) дар мавриди осебҳои фарҳангии шуйюи корона бо якдигар суҳбат карданд.
Зулфия Давлатзода- вазири фарҳанги Тоҷикистон низ аз тариқи видеоконфронс бо теъдоде аз вазирони фарҳанги кишварҳои узви ISESCO дар ин нишаст суҳбат кард.
Ин видеоконфронс бо унвони "Пойдории иқдомоти фарҳангӣ дар шароити буҳронӣ" баргузор шуд.
Дар ин конфронс, ки онлайн баргузор шуд вазирони фарҳанги 57 кишвари ҷаҳон, аъзои созмон, намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ, нозирони минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар он ширкат карданд.
Ширкаткунандагон дар ин ҷаласа осебҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии шуйюи коронаро дар кишварҳои худ баррасӣ ва аз таҷрибаҳои кишварҳои дигар истифода карданд.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳам дар ин видеоконфронс гуфт: Инсиҷоми мардуми Тоҷикистон аз замони шуйюи корона сабаб шуд то ин беморӣ дар кишвар контрол шавад.
Зулфия Давлатзода афзуд: Аз нахустин рӯзҳои шуйюи корона дар Тоҷикистон, ситоди муқобила бо ин беморӣ дар кишвар ташкил шуд.
Ӯ гуфт: Бештари муассисаҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон аз тариқи вебгоҳҳои мухталифи интернетӣ фаолият мекунанд.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон афзуд: Телевизион ва радио низ бо таҳияи барномаҳои фарҳангӣ ва иттилоърасонӣ нақши басазоеро дар омӯзишҳои пизишкӣ ва беҳдоштии шаҳрвандон дар бораи бемории корона ифо карданд.