Июн 23, 2020 14:20 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 21 миллион долларии Русия ба Тоҷикистон

Русия 21 миллион доллар барои баланд бардоштани сатҳи сифати омӯзиши мактабҳои Тоҷикистон ба ин кишвар кумак мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Миёна, сафорати  Русия дар Тоҷикистон эълом кард, 11 миллион доллар аз ин маблағ барои таҷҳиз ва бозсозии сохтмонҳои омӯзишӣ, омӯзиши кормандони мактаб, тарвиҷи тағзияи солим ва иттилоърасонии шеваҳои навини омӯзиш дар мактабҳои Тоҷикистон ҳазина хоҳад шуд.

10 миллион доллари дигар аз ин маблағ низ барои хариди маҳсулоти ғизоӣ дар солҳои  2020 ва 2021 ҳазина мешавад.

Ин тарҳро аз соли 1999 Русия дар Тоҷикистон иҷро мекунад, Русия дар солҳои  2010 то 2015 ҳудуди  35 миллион доллар ба Тоҷикистон пардохт кард ва аз он сол ин пардохтҳо тамдид мешавад.

Игор Лиякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт: Ин яке аз бузургтарин тарҳҳои Русия дар Тоҷикистон бо эътибори 80 миллион доллар аст.

Ӯ афзуд: Дар солҳои 2013  то 2019 толорҳои ғизохурии 60 муассисаи омӯзишӣ дар Тоҷикистон бозсозӣ ва барои коркунони онҳо давраҳои омӯзиши шеваҳои пешрафтаи тадрис баргузор шуд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт: Ҳамчунин 7 нонвоӣ низ дар мактабҳои интернат сохта ва ё бозсозӣ шуд.

Игор Лиякин Фролов афзуд: Дар поёни соли 2019 тасвиб шуд, ки Русия дар се соли оянда панҷ мактаби нав ҳам дар Тоҷикистон бисозад.

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт: Соли 2017 ҳудуди 60 ҳазор китоби дарсӣ ба забони русӣ барои мақтаъҳои мухталифи таҳсилӣ ба Тоҷикистон ирсол шуд.