54 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон бидуни фавтида
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54790-54_мавриди_ҷадиди_Ковид_19_дар_Тоҷикистон_бидуни_фавтида
Вазорати тандурустии Тоҷикситон эълон кард, ки дар шабонарӯзи ахир 54 мавриди ҷадиди Ковиди 19 дар ин кишвар бидуни фавтида сабт шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 23, 2020 18:28 Asia/Dushanbe
  • 54 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон бидуни фавтида

Вазорати тандурустии Тоҷикситон эълон кард, ки дар шабонарӯзи ахир 54 мавриди ҷадиди Ковиди 19 дар ин кишвар бидуни фавтида сабт шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то соати 19 рӯзи сешанбе 23 июн дар ин кишвар теъдоди фавтшудагон бар асари корона бидуни афзоиш ҳамон 52 нафари қаблӣ эълон шудааст.

Ин вазоратхона теъдоди умумии афроди мубтало ба Ковид-19 дар Тоҷикистонро то рӯзи сешанбе 5 ҳазору 567 нафар эълон кард.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон то рӯзи сешанбе 23 июн дар ин кишвар 4 ҳазору 109 нафар низ аз бемории Ковид-19 беҳбуд ёфтаанд, ки беш аз 73, 8 дар сад аз кулли беморонро ташкил мекунад.

Тайи шабонарӯзи ахир 70 нафар низ пас аз шифо ёфтан аз бемории Ковид-19 аз марокизи дармонии Тоҷикистон мураххас шудаанд.