Ҳамкории Тоҷикистон бо Аморот барои истирдоди зиндонён
Дирӯз чаҳоршанбе (5-уми октябр), Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тафоҳумномаи истирдоди зиндонёнро бо Аморот имзо кард.
Ба гузориши сойти "Озодагон", Муҳаммадироҳим Осимзода-муовини додситони кулли Тоҷикистон, дар ҳангоми ироаи ин тафоҳумнома ба ҷаласаи парлумон гуфт, созишномаи мазкур моҳи марти соли ҷории мелодӣ (фарвардин) дар сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Аморот, дар Дубай ба имзо расида ва ҳадафи он, интиқоли маҳкумон ба ҳабси шаҳрвандони тоҷик аз зиндонҳои Аморот ва Тоҷикистон аст.
Осимзода афзуд, созишномаи мазкур бо ҳадафи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Аморот нигаҳ дошта мешаванд тадвин шудааст.
Гуфтанист, илова бар ин тафоҳнома, миёни Тоҷикистон ва Аморот созишномаи байнидавлатӣ оид ба эктрадитсия ва созишномаи байнидавлатӣ дар хусуси расонидани кумаки мутақобила оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ вуҷуд доранд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар фаъолияти худ аз онҳо истифода менамоянд.