Кумаки 50 миллиондолларии Бонки тавсеаи Осиё ба Тоҷикистон
Июн 24, 2020 19:38 Asia/Dushanbe
Бонки тавсеаи Осиё 50 миллион доллар барои муқобила бо бемории корона ба Тоҷикистон кумак мекунад.
Ин кумак барои ҷуброни табаоти манфии густариши корона дар иқтисоду фарҳанги Тоҷикистон, ба ин кишвар кумак мешавад.
Густариши корона иқтисоди Тоҷикистонро ба мизони қобили таваҷҷуҳе тазъиф карда ва боиси коҳиши шадиди судури ҳаволаи пул, тиҷорати байналмилалӣ ,ҳамлунақл ,ҷаҳонгардӣ ва сармоягузории мустақими хориҷӣ дар ин кишвар шудааст.
Таъмини молии Бонки тавсеаи Осиё аз барномаи давлат барои кумак ба ҳудуди 207,000 хонавори камбизоати Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳад кард.
Дар моҳи март низ Бонки тавсеаи Осиё 100,000 доллар ба Тоҷикистон барои хариди таҷҳизоти пизишкӣ кумак кард.