Июн 24, 2020 21:39 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди алюминиюм дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар семоҳаи аввали имсол тавлиди алюминиюмро афзоиш дод.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати алюминиюми “ТАЛКО” гуфт, ширкати алюминиюми Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳудуди 27 ҳазор тон алюминиюм тавлид кардааст.

Вай афзуд, ин шохис 12 дарсад бештар аз мизони тавлид дар семоҳаи аввали соли 2019 аст.

Ӯ гуфт, “Бо вуҷуди мушкилоти молӣ, бар асоси натоиҷи семоҳаи аввали соли 2020, тавлиди алюминиюм нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 12 дарсад афзоиш ёфтааст”.

Сатторов афзуд, бозсозии таъсисоти тавлидии ин ширкат аз моҳи сентябр оғоз мешавад.