Июн 25, 2020 08:34 Asia/Dushanbe
  • Сохти урдугоҳ барои кӯҳнавардон дар Тоҷикистон

Дар ноҳияи Лахш барои кӯҳнавардоне ,ки қасди сууд ба қулаҳои болои 7 ҳазор метр доранд урдугоҳ сохта хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикиии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Фарғона, ба далели воқеъ шудани ин минтақа дар иртифои 4 ҳазору 500 метр аз сатҳи дарё, кӯҳнавардон фақат дар се моҳи тобистон метавонанд ба қулаҳои болои 7 ҳазор метрии Исмоили Сомонӣ ва Озодӣ боло бираванд.

Дар ҳоли ҳозир кӯҳнавардон барои расидан ба ин минтақа бояд ё бо болгард ба муддати як соату ним аз Душанбе худро ба Лахш бирасонанд ва ё бо худрав ба муддати 5 соат ба ин ноҳия сафар кунанд.

Аз маҳали сохти урдугоҳ то доманаи қулаҳои болои 7 ҳазор метри кӯҳистони Бадахшон низ 7 рӯза роҳ аст.

Ҳамчунин қарор аст бонд ва сохтмони фурудгоҳи ноҳияи Лахш ҳам бозсозӣ шавад.