Июн 25, 2020 09:16 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 3 баробарии тавлиди гушти мурғ дар Тоҷикистон

Тавлиди гушти мурғ дар Тоҷикистон аз ибтидои имсол ҳудуди 3 баробар афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз Вебгоҳи Вазорати зироати Тоҷикистон , дар январ ва майи соли ҷорӣ ҳудуди 8 ҳазору 500 тан гушти мурғ дар ин кишвар тавлид шудааст.

Ин дар ҳоле аст,ки тибқи эълони Вазорати тавсиъаи иқтисодӣ ва тиҷорати кишвар , тавлиди гушти сурх дар ин муддат 2 дар сад коҳиш ёфта ва ба ҳудуди 56 ҳазор тон расидааст.

Имсол мақомоти Тоҷикистон қасд доранд тавлиди гуштро ба 245 ҳазор тон афзоиш диҳанд.

Дар ҳоли ҳозир қимати як киллограм гушти сурх дар бозорҳои Тоҷикистон 54 то 50 сомонӣ аст.