Июн 26, 2020 16:18 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 2 дарсадии мизони табодулоти тиҷорӣ дар Тоҷикистон

Мизони табодулоти тиҷорӣ дар Тоҷикистон нисбати муддати мушобеҳи соли қабл 2 дарсад коҳиш ёфт.

Ба гузориши “Авесто”, Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мизони кулли гардиши молии тиҷории кишварро дар 5 моҳи имсол 12 миллиарду 200 миллион доллар эълом кард.

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, саҳми маводи ғизоӣ ва пӯшок дар мизони табодулоти тиҷорӣ 5 миллиард сомонӣ, хариду фурӯши чорво 994 миллион сомонӣ, млшинҳои мусофирӣ ва борӣ 229 миллион сомонӣ ва фаровардаҳои нафтӣ ҳудуди 2 миллиард сомонӣ будааст.

Аз байни колоҳои санъатӣ низ бештарин гардиши молӣ марбут ба маҳсулоти нафтӣ, порча, либоси бофтанӣ, масолеҳи сохтмонӣ, кафш ва колоҳои барқӣ аст.