Июн 26, 2020 21:18 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум шудани ду низомии минтақаи Хатлон ба ҷурми дуздии чорво

Додгоҳи низомии минтақаи Хатлон ду марзбони тоҷикро ба иттиҳоми дуздии чорво аз мардуми маҳаллӣ маҳкум кард.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ додгоҳи минтақаи Хатлон, Шарифхон Назаровро ба 5 соли зиндон ва Мухтор Саидовро ба 6 моҳи зиндон маҳкум кард.

Вакилони волидайни Шарифхон Назаров ба ҳукми додгоҳ эътироз карданд. Ба гуфтаи онҳо, Шарифхон дастури маъмурони марзии мофавқ (боло)-ро иҷро кардааст.

Шарифхон Назаров, сокини ноҳияи Балҷувон дар апрели соли гузашта ба хидмати сарбозӣ фаро хонда шуд. Ибтидо ба ноҳияи Панҷ эъзом шуд, сипас ба воҳиди низомии 0307 мунтақил ва дар минтақаи Ҳамадонӣ мустақар шуд.

Хонаводаи Назаров гуфтанд, Шарифхон ба ҳамроҳи Саидов 18 гови сокинони Балҷувонро дуздиданд ва онро дар бозори ноҳияи Восеъ фурӯхтанд ва пули онро ба фармондеҳон доданд.

Абдулмаҷид Раҳмонов, вакили Шарифхон Назаров гуфт, ки ду афсари воҳиди марзӣ низ дар ин ҷурм саҳим ҳастанд.

Ба гуфтаи вай, ӯ шавоҳиди ғайриқобили инкореро дар додгоҳ ироа кард, аммо онҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифт.

Вай гуфт: “Мо қатъан ҳукми додгоҳро таҷдиди назар хоҳем кард”.