Фавти 10 нафар дар Хатлон бар асари ибтило ба коронавирус
Июн 27, 2020 11:12 Asia/Dushanbe
Аз оғози хурӯҷи коронавирус дар Тоҷикистон 10 нафар дар Хатлон бар асари ибтило ба ин беморӣ фавт карданд.
Ба нақл аз Азия Плюс, 44 бемор ҳамчунин дар бемористонҳои минтақа бистарӣ ҳастанд.
Идораи беҳдошти минтақаи Хатлон эълом кард: Аз ибтидои хурӯҷи коронавирус, 5104 нафар ба бемористонҳои ин минтақа муроҷиа карданд, ки аз ин теъдод, 330 нафар ба коронавирус мубтало буданд.
Дар минтақаи Бадахшон ҳам эълом шуда, то кунун 22 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд.
Хуршед Рустамзода, мудири муҷтамаи пизишкии Истиқлол гуфт: Дар рӯзҳои оянда фаъолияти ин бемористон оддӣ мешавад.