Қарор гирифтани Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои сабз аз сӯи Вазорати беҳдошти Тунис
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54882-Қарор_гирифтани_Тоҷикистон_дар_феҳристи_кишварҳои_сабз_аз_сӯи_Вазорати_беҳдошти_Тунис
Тунис Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "сабз" қарор дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 27, 2020 12:10 Asia/Dushanbe
  • Қарор гирифтани Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои сабз аз сӯи Вазорати беҳдошти Тунис

Тунис Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "сабз" қарор дод.

Тунис Тоҷикистонро дар раддаи кишварҳои бо таҳдиди андак аз бемории коронавирус (дастаи "сабз") қарор дод ва маҳдудиятҳои вуруди атбои хориҷӣ барои гардишгарони Тоҷикистон коҳиш дод.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Тунис, кишварҳои Олмон, Чин, Австралия, Италия, Ҷопон, Эстония, Хорватия, Австрия, Швейтсария ва Ветнам дар гурӯҳи кишварҳои сабз қарор гирифтанд.

Вазорати беҳдошти Тунис кишварҳои Фаронса, Албания, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Канада, Испания, Гурҷистон, Қазоқистон, Латвия, Литва, Узбакистон, Лаҳистон, Португалия ва Сербияро дар гурӯҳи "норинҷӣ" қарор дод.