Дархости Тоҷикистон аз Бонки сармоягузории Осиё барои дарфти воми 50 миллиондолларӣ
(last modified Sat, 27 Jun 2020 09:41:48 GMT )
Июн 27, 2020 14:41 Asia/Dushanbe
  • Дархости Тоҷикистон аз Бонки сармоягузории Осиё барои дарфти воми 50 миллиондолларӣ

Музокироти мақомоти Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Осиё барои дарёфти воми 50 миллиондолларӣ ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст.

Қарор аст ин маблағ барои сохти роҳи ҷадид миёни шаҳраки Оби Гарм то маркази ноҳияи Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон ҳазина шавад.

Маблиғи мавриди ниёз барои сохти ин роҳ 350 миллион доллар эълом шудааст, ки 300 миллиони онро ниҳодҳои молии минтақавӣ ва байналмилалӣ таъмин хоҳанд кард.

Акнун ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад, ки 50 миллион доллари боқимондаро аз Бонки сармоягузории Осиё кӯмак бигирад.