Июн 27, 2020 14:54 Asia/Dushanbe
  • Оғози мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷавонони Тоҷикистон

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи зери 18 соли Тоҷикистон оғоз шуд.

Ба нақл аз вебгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври муқаддамотии тими футболи ҷавонони "Бохтар"-и Хатлон дар масоф бо тими футболи ноҳияи Ашт бо натиҷаи 0:4 шикаст хӯрд.

Тими футболи "Равшан" низ дар баробари "Турсунзода" бо натиҷаи 3:1 пирӯзи майдон буд.

Тими футболи мадрасаи тахассусии варзиш ҳам бо натиҷаи 2:3 бозиро ба тими футболи "Заска"и шаҳри Душанбе вогузор кард.

Тими Хӯҷанд ҳам тавонист тими мадрасаи тахассусии варзишро 3:0 шикаст диҳад.

Даври баъдии бозиҳо 30 июн оғоз мешавад.