Иддаои Амрико дар бораи муборизаи Тоҷикистон бо қочоқи инсон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54902-Иддаои_Амрико_дар_бораи_муборизаи_Тоҷикистон_бо_қочоқи_инсон
Вазорати умури хориҷаи Амрико дар гузорише талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои муқобила бо қочоқи инсонро нокофӣ арзёбӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 27, 2020 16:30 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Амрико дар бораи муборизаи Тоҷикистон бо қочоқи инсон

Вазорати умури хориҷаи Амрико дар гузорише талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои муқобила бо қочоқи инсонро нокофӣ арзёбӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, дар ин гузориш таъкид шуда, ки дар соли 2019 дар Тоҷикистон 53 нафар қурбонии фаолияти гурӯҳҳои қочоқи инсон шудаанд ва 18 парванда дар ин иртибот мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Бар асоси ин гузориш аз миёни 18 гумонбар ба қочоқи инсон дар додгоҳҳои Тоҷикистон дар соли 2019  чаҳор корманди як ширкати корёбӣ ба иттиҳоми фиреби шаҳрвандони ин кишвар ва интиқоли онон ба Арабистони саудӣ ба панҷ то ҳашт сол зиндон маҳкум шудаанд, ки баъдан ҳукми онон коҳиш дода шуд.

Дар ин гузориш ба вуҷуди фасоди молӣ ва порахурӣ дар ниҳодҳои масъули марзбонӣ ва гумруки Тоҷикистон ишора шудааст, ки муҷиби интиқоли шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷ мешавад ва талош барои мубориза бо падидаи қочоқи инсонро зери савол мебарад.

Аммо Нусратулло Муҳаммадзода- сухангӯи Вазорати корҳои  дохилаи Тоҷикистон дар вокуниш ба ин гузориш гуфтааст, ки дар Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ин вазорат тамомии шикоятҳо дар бораи қочоқи инсон бо ҷиддият ва қотеъона мавриди баррасӣ қарор мегирад.