50 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон бидуни фавтида
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар шабонарӯзи ахир 50 мавриди нави КОВИД-19 дар ин кишвар бидуни фавтида ба сабт расидааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то соати 10 субҳи рӯзи душанбе 29 июн дар ин кишвар теъдоди фавтидагон бар асари вируси корона бидуни афзоиш ҳамон 52 нафари қабл эълом шудааст.
Ин вазоратхона теъдоди умумии афроди мубтало ба КОВИД-19-ро дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи душанбе 29 июн панҷ ҳазору 849 нафар эълом кард.
Бар асоси гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон то субҳи рӯзи душанбе 29 июн дар ин кишвар чаҳор ҳазору 448 нафар низ аз бемории КОВИД-19 беҳбуд ёфтаанд.
Таи шабонарӯзи ахир 57 нафар низ пас аз беҳбуд ёфтан аз бемории КОВИД-19 аз марокизи дармонии Тоҷикистон мураххас шудаанд ва 260 тан ба гумони гирифтор шудан ба вируси корона дар бемористонҳо таҳти муроқибат қарор гирифтаанд.