Июн 29, 2020 12:18 Asia/Dushanbe
  • Эътои иҷозатномаи коркарди тило аз ду кон ба ширкати чинӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон иҷозатномаи коркарди тило аз ду кон дар ноҳияи Айнӣ дар шимоли ин кишварро ба ширкати чинии ТВЕА эъто кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, ин матлабро ахиран Маркази таҳқиқоти иқтисодии Чин "Тонгҳуашун" эълом кард.

Ин ширкати чинӣ дар ҳоли ба поён расондани сохти корхонаи коркарди тило дар ду минтақаи Кумарғи Боло ва Дуобаи Шарқӣ  дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аст, ки заминаи коркарди тило аз конро дар соли 2021 фароҳам месозад.

Қаблан замони коркарди тило аз ин ду кон нимаи дувуми имсол эълом шуда буд, аммо ба далели густариши вируси корона интиқоли таҷҳизот ба таъхир афтод.

Гуфта мешавад, ки ширкати чинии ТВЕА то замони ҷуброни ҳазинаи 349 миллион долларии хеш барои сохти сохтмони Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2"-и Тоҷикистон ба коркади тило аз ин ду кон дар шимоли ин кишвар идома хоҳад дод.

Ба гуфтаи коршиносони ширкати чинии ТВЕА захираҳои шиносоишудаи тило дар ин ду кон ба беш аз 117 тан мерасад.

Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки пас аз пардохти қарзи хеш ба ин ширкати чинӣ тилои боқимонда ба нафъи кишвар коркард шавад, аммо  Чжан Син, роҳбари ширкати чинии ТВЕА гуфтааст агар тилои мавҷуд дар ду кони ноҳияи Айнӣ барои ҷуброни қарзи Тоҷикистон кифоят накунад, мақомоти Душанбе омодаанд чанд кони дигарро низ ба ин ширкат вогузор кунанд.