Чолиши барномаи иштиғолзоии ҳукумати Тоҷикистон бо корона ва бозгашти муҳоҷирон
Барномаи иштиғолзоии ҳукумати Тоҷикистон барои 500 ҳазор нафар таи се соли наздик акнун бо густариши вируси корона ва бозгашти коргарони муҳоҷир бо мушкил рӯбарӯ шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, ҳукумати Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар соли 2020 барои 169 ҳазор нафар, соли 2021 барои 171 ҳазор нафар ва дар соли 2022 барои 172 ҳазор нафар ҷойи кор фароҳам шавад, аммо бозгашти коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик аз Русия ҳукумати Тоҷикистонро водор кардааст, ки дар ин барнома таҷдиди назар кунад.
Акнун ба назар мерасад аксари ин шуғлҳоро бахши хусусӣ ва худи мардум эҷод хоҳанд кард, аз ин рӯ ба муҳоҷирони аз Русия бозгашта пешниҳод шудааст қарзи худиштиғолзоӣ дарёфт кунанд.
Ин қарз барои фаъолият дар бахши тиҷорат маблағи шаш ҳазору 380 сомонӣ, бахши хизматрасонӣ ҳашт ҳазору 120 сомонӣ ва тавлиду саноат 11 ҳазору 20 сомонӣ хоҳад буд.
Ба гуфтаи мақомоти Ожонси давлатии кору муҳоҷирати Тоҷикистон таи панҷ моҳи нахусти имсол барои ҳазору 326 коргари муҳоҷири аз Русия омада маблағи чаҳор миллиону 312 ҳазор сомонӣ ба унвони қарзи худиштиғолзоӣ вогузор шудааст.
Бо ин ҳол иқтисоддонон муътақиданд, ки ин барнома танҳо дар сурати эътои имтиёз ба шоғилони нав, коҳиши мизони андози дарёфтӣ ва бидуни суди бонкӣ будани қарзҳои вогузоршуда муваффақ хоҳад буд.