Июн 29, 2020 20:59 Asia/Dushanbe
  • Боздиди остондори Бадахшон аз як қатор лоиҳаҳои рушд

Остондори Бадахшон аз теъдоди лоиҳаи рушди дар ҳоли иҷро дар остон боздид кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Ёдгор Файзов аз бинои театр, ки сохта мешавад, устохонаи дӯзандагӣ, институти таълимӣ ва як маркази савдо дидан кард. Тамоми сохтмонҳои минтақа бо тарҳи нав сохта мешаванд. Дар ҷараёни боздид Файзов аз корфармоён даъват кард, ки нақшаҳояшонро бо сифат ва дақиқ иҷро кунанд. Остондори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон инчунин гуфт, ки сохтмони ин лоиҳаҳои рушд бояд мутобиқи қоидаҳои байналмилалӣ бошад.