Июн 30, 2020 09:12 Asia/Dushanbe
  • Тағйири замони баргузории намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Париж

Замони баргузории намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Париж тағйир кард.

Қарор буд намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии ҳунарҳои шарқ дар Париж 14 октябри соли равон баргузор шавад, аммо ба далели густариши корона ин намоишгоҳ соли 2021 баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Ясмин Гуедар- сафири Фаронса дар Тоҷикистон гирифта шуд.

Тафоҳумномаи оғози ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Фаронса декабри 2018 дар Париж имзо шуд.